Баргузории соати сиёсӣ дар МТМУ №3

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи тақвими амалиёти муштарак байни сохторҳои ҲХДТ ва маориф дар ҳудуди Вилояти Хатлон имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Темурмалик хонишҳои сиёсӣ, ки рӯзи шанбеи охири ҳар моҳ гузаронида мешаванд, баргузор шуда истодааст.

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дарси соати сиёсӣ дар мавзӯҳои вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва аҳмиятнокии “Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ” ва нақши 30 – солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон дарсу суҳбатҳо гузаронида шуд. Дарси мазкур бо иштироки намояндаи ҷамоати деҳоти Танобчӣ, собиқадорони соҳаи маориф ва омӯзгорон баргузор гардид.