БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №41

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи тақвими амалиёти муштарак байни сохторҳои ҲХДТ ва маориф дар ҳудуди Вилояти Хатлон имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Темурмалик хонишҳои сиёсӣ, ки рӯзи шанбеи охири ҳар моҳ гузаронида мешаванд, баргузор шуда истодааст.

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 дарси соати сиёсӣ дар мавзӯҳои “Асосҳо ва дастовардҳои сиёсии Тоҷикистон” ва “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар як моҳи охир” дарсу суҳбатҳо гузаронида шуд. Дарси мазкур бо иштироки директори муассисаи таълимӣ, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Темурмалик аз ҳавзаи №27 ва зиёда аз 15 – омӯзгорон баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ оиди мавзуҳои зикргардида омӯзгори  фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи номбурда Холов Тағаймурод ва се нафар хонандагон маърузахонӣ намуданд.