БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР ГИМНАЗИЯИ ДАВЛАТИ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи тақвими амалиёти муштарак байни сохторҳои ҲХДТ ва маориф дар ҳудуди Вилояти Хатлон имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Темурмалик хонишҳои сиёсӣ, ки рӯзи шанбеи охири ҳар моҳ гузаронида мешаванд, баргузор шуда истодааст.

Дар толори муассисаи давлатии таълимии вилоятии гимназия барои хонандагони болаёқати ноҳияи Темурмалик дарси соати сиёсӣ дар мавзӯҳои вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва аҳмиятнокии “Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ” ва нақши 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон дарсу суҳбатҳо гузаронида шуд. Дарси мазкур бо иштироки мудири шуъбаи маорифи ноҳия Асомуродзода Қурбоншоҳ, сармутахассиси шуъбаи маориф Ҳамидов Орзу, мудири кабинети методии шуъбаи маориф Носиров Ҳасан ва якчанд омӯзгорон баргузор гардид.