Туҳфаи хоси миллию анъанавӣ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Суратгузориш аз рафти гусел намудани Давлатов Раҷабалӣ, ки то ин дам ба ҳайси раиси маҳалла дар деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Кангурт бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ кору фаъолият намуда буд, аз ҷониби раиси ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик Салимзода Алихон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи маорифи Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ноҳияи Темурмалик Асомуродзода Қурбоншо номбурдаро барои фаъолияти собиқаи кориаш аз ҷониби раиси ҳизб бо эҳтиром ва самимият ба туҳфаи хоси миллию анъанавӣ (Ҷома) сарфароз гардонида аз масъулияти ба душ доштааш озод ва гусел намуданд.