ВОХУРИИ СУДМАНД БО СОКИНОН

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар рафти вохурӣ бо сокинони деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Кангурт бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, мудири шуъбаи маорифи Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ноҳияи Темурмалик Асомуродзода Қурбоншо ва раиси ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик Салимзода Алихон дар мавзӯи ободонӣ ва созандагӣ, тозаю озода намудани деҳаю маҳаллаҳо, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва инчунин сафарбаркунии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохуриҳо гузаронида шуд.