БАРОИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМОН ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ!

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастури Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва дар асоси Барқияи ҳукуматӣ аз 7 – уми октябри соли равон рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта шанбегӣ дар шакли ҳашари дастаҷамъона аз ҷониби фаъолони ҳизб ҳамаи кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳо муваззаф гардиданд, ки мувофиқи ин дастур амал намоянд. Дар ноҳияи Темурмалик низ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид Шералӣ ва дигар кормандону фаъолони ҳизбӣ барои ободиву тоза намудани муҳит ва атрофи ташкилоту корхонаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва маҳаллаву деҳаҳо шанбегии дастаҷамъона баргузор намуда, инчунин, об зада рӯфтани атрофи биноҳо, сафед ва мулоим кардани бехи дарахтону гулҳо ва дигар корҳо низ амалӣ гардиданд.