РУШДИ БУНЁДИ БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ ДАР МАҲАЛ.

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои муаззами миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, бобати ба кишвари сабз табдил додани мамлакат  назди тамоми ташкилоту муассисаҳо ва сокинони кишвар супоришҳои муайянеро роҳандозӣ намуданд.

Сокинони сарбаланди ноҳияи баландкӯҳи Шамсиддин Шоҳин дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакатро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ намуда, ҳар як замини дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода менамоянд.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супоришҳое,ки дар Паёми навбатӣ дарҷгардида, сокинон ҷаҳду талош намуда, боғҳо бунёд менамоянд.

Муҳити ҷуғрофии ноҳия,ки барои парвариши боғи себу зардолу ва анор мувофиқ аст, бештари хоҷагидорон дар бунёди чунин боғҳо мусоидат намуда истодаанд.

     

 

                                                            Суратгузориш аз ҷараёни корҳои созандагию ободкорӣ: