Бардошт аз ҳамоиши Наврӯзӣ-«Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ш.Шоҳин: Андеша  

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар муваффақиятҳои миллию давлатӣ ҷашнҳои суннатии халқи тоҷик низ дубора эҳё гардида, бо ҷаҳду талошҳо ва пешниҳодҳои созандаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб мекунанд. Ин рӯйдодҳои таърихӣ бори дигар собит месозад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фарҳанги пурғановати мардуми мо таваҷҷуҳи махсус дошта, ҷашнҳои суннатии моро дар дарозои гуногуни таърих ҳамчун ҷузъи фарҳангии мардуми хеш қабул намудаанд.

Тайи чанд соли охир бо ёдоварӣ ва қадршиносӣ аз ҷашнҳои таърихӣ баргузории онҳо низ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ҳукми анъана даромада, мардуми кишвар бо қаноатмандӣ аз ин ҷашнҳо ёдоварӣ менамоянд.

Агар ҷашни Наврӯз ба оғози фасли баҳор ва зиндашавии табиат тавъам бошад, Меҳргон дар тирамоҳ ва Тиргон ҷашни тобистонаи мардуми ориёӣ ва Сада ба фасли зимистону наздик шудани фасли баҳору Наврӯз марбут аст.  Ҳар як ҷашни миллӣ, ки таърихи хеле қадима дорад, барои мардуми мо азиз аст ва тартиби ҷашнгирии онҳо миёни мардуми мо аз гузашта то ба имрӯз хусусиятҳои хоси худро дорад.

Тавре маълум аст, 19 феврали соли 2010 Шӯрои 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз  қатънома  қабул  намуда, Наврӯз- ҷашни миллии мардуми мо ба ҳайси ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд. Яъне, 14 сол аст, ки  Наврӯзро на танҳо соҳибонаш, балки қариб 200 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид пуршукӯҳ ҷашн мегиранд.  Ҳама орзуву омоли башардӯстонаи ниёгони мо, ки дар Наврӯзи ҷаҳонафрӯз таҷассум ёфтааст, тақрибан 300 миллион аҳолии сайёра ҳамчун кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аз ин ҷашни бостонӣ айни ҳол  таҷлил менамоянд.

Наврӯз қадимтарин дар таърихи ҷаҳон  ҷашни соли нав аст. Решаи маънавии он таърихи анқариб шашҳазорсола дорад. Аз ин рӯ, боиси тааҷҷуб нест, ки ҳатто Абӯрайҳони Берунӣ  ва Умари Хайём  барин ахтарони  осмони  баланди илмҳои дақиқ ҳангоми маънидод кардани пайдоиши  Наврӯз ба забони устураю  ривояти динӣ ҳарф задаанд. Бино ба ақидаи  суннатие, ки Хайём дар «Наврӯзнома» баён намудааст, дар қадимулайём «Каюмарс ин рӯзро  оғози  таърих  кард».

Дар асотири эронию туронӣ ва “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ  шоҳи олам Каюмарс  ҳамчун  сараҷдоди одамизод  дар рӯи замин зикр гардида, ки ӯро «Эзиди таборак ва таъоло» таъин карда будааст. Як замони дигар абераи  Каюмарс -Ҷамшед «Чун он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳону дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд»...

Наврӯз бар пояи суннати фарҳангие такия мекунад, ки барояш худбинии ифротӣ, нодида гирифтан, иқрор нанамудан ва ё инкор кардани арзишҳои маънавии дигар халқҳо тамоман бегона мебошанд. Ин як ҳақиқати баҳснопазири таърихист, ки дигарон ҳам эътироф кардаанд.  Ҳамзамон хусусияти ҷолиби Наврӯз ин аст, ки ҷашн ба ҳеҷ як воқеаи сирф қавмӣ, миллӣ ё маҳаллӣ бахшида нашудааст.

Тамоми ҷамбаҳои таърихию миллии  таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар баромади Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назари илмию фарҳангӣ воқеъбинона таҳлил ёфта, ҷашни Наврӯз ба ҳайси шиносномаи таъриху ҳувияти  миллии мардуми мо муаррифӣ гардид. Яъне ҷашни Наврӯз гузаштаи пурифтихори миллати тоҷикро назди ҷомеаи ҷаҳонӣ  бори дигар ба таври мушаххас исбот намуд.

Дар баробари ин, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба фазилатҳои неки наврӯзӣ дастур дода шуд, ки дар масъалаи оростаю зебо нигоҳ доштани хонаю кошона, маҳалли зист ва ҷойи кор бетаваҷҷӯҳ набошем ва кӯшиш кунем, ки раванди ободкорию сабзкории ҳама гӯшаҳои мамлакат дар доираи ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистон-ватани маҳбуби мо вусъати тоза гирад.

Маврид ба зикр аст, ки бо ёдоварӣ аз баргузории мулоқот бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин аз 9 марти соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз вазъи пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳон ва домон паҳн намудани ҳодисаҳои террористию экстремистӣ ва дар ин замина тарбияи дурусти насли ҷавон ибрози андеша намуда,  дар ин ҳошия аз ҳодисаи нангину даҳшатноки маҷмааи “Крокус Сити Холл” дар наздикии шаҳри Москваи Федератсияи Русия ёдрас шуданд.

Дар ин росто лозим аст, ки ҳар як падару модар, тамоми аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таълиму тарбияи насли нав ва пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бояд масъулияти ҷиддӣ дошта бошем ва кӯшиш кунем, ки ба падару модар, маҳалу Ватан ва дар маҷмуъ миллат иснод наоварем. 

Бинобар ин моро лозим аст, ки бо таваҷҷӯҳ аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи амнияту тартибот, ҳифозати соҳибистиқлолии кишвар, таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва пешгирии гароиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз пештара дида назоратро пурзур намоем ва дар маҷмуъ дар рушди тафаккури ояндасозӣ барои давлату миллат саҳми арзандаи худро гузорем, зеро марому мақсади давлат ва Ҳукумати мамлакат маҳз ба ободию озодӣ, хурсандию хушбахтии ҳар як хонаводаи тоҷик нигаронида шудааст ва ҳамин буд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун армуғони наврӯзӣ ёдрас шуданд, ки “Дар ҳар як оила хурсандӣ бошад, ин аст орзуи ман”.

Мо низ хурду бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифадорем, ки дар иҷрои рисолати давлатдорию давлатсозии миллиамон бо такя ба арзишҳои фарҳангию миллӣ ва раҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи масъулият якдилона барои ояндаи кишварамон қадамҳои устувор гузорем.        

 

Назарзода Т. М -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин.