ҶАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД!

Ш.Шоҳин: Созандагони ватан  

Бо назардошти эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ масъулини ҳизбӣ пайваста дар байни аъзоёну кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия хонишҳои сиёсиро баргузор менамоянд.

Дар таърихи 12-уми марти соли равон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо аъзои намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии №3-и ноҳия вохурӣ доир намуданд. Муҳтавои вохурӣ фарогири масъалаҳои рӯзмарра аз қабили баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонону наврасон ба шумор рафта, ҳушёриву зиракии сиёсиро таъкид сохтанд.

 

 Суратгузориш аз ҷараёни баргузории  вохӯрӣ: