ҶАВОНОНРО ДАР РӮҲИЯИ ХУДШИНОСӢ ТАРБИЯТ МЕНАМОЕМ.

Ш.Шоҳин: Созандагони ватан  

Бо мақсади баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии насли наврас бахусус ҷавонписарону ҷавондухтарон ва дар ин замина бедор намудани ҳисси худогоҳиву хештаншиносии  онҳо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  нақша- чорабиниҳо таҳия  намуда,  баҳри таблиғу ташвиқи насли ҷавон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодааст. Дар таърихи 11 марти соли равон масъулини ноҳиявии ҳизбӣ тибқи нақшаи таҳиянамуда дар ҳамоҳангии Ташкилоти Ҷамъиятии “Созандагони Ватан” дар  муассисаи таълимии №2-и ноҳия дар байни хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.Баромадкунандагон дар мавзӯҳои мубрами рӯз, аз ҷумла  бедор намудани ҳисси миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти миллӣ, содиқ будан ба халқу  ватан ва иҷрои қарзи фарзандии худ хизмати Модар -Ватан баромад намуданд.

   

 Суратгузориш аз ҷараёни баргузории сӯҳбату вохӯрӣ: