НАСЛИ ҶАВОН – СОЗАНДАГОНИ ФАРДОИ КИШВАР!

Ш.Шоҳин: Созандагони ватан  

Дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносии миллии ҷавонон, инчунин  баланд бардоштани донишу фаҳмиши онҳо роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки ба ҳама самтҳои ҳаёту зиндагӣ нигаронида шудааст  дар муассисаҳои таълимии ноҳия  ҳамчун хониши сиёсӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳия вохурӣ баргузор намуда истода, таъкид месозанд, ки насли нав  рушди ояндаи кишвар ба ҳисоб рафта аз сатҳи таълиму тарбияи дурусти омӯзгорон  ҳамбастагии  калон дорад.  Мебояд наврасон ва ҷавонони имрӯза аз ин имкониятҳои воқеии мавҷуда, самаранок  истифода намуда, дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия ёбанд  то дар оянда ба миллату давлат хизматҳои мондагор намоянд.  

Баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва тарғиби сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар, ки аз барномаи амалии ҲХДТ бармеояд, зери назорати ҳамарӯзаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин қарор дошта дар ин самт тамоми тадбирҳои имконпазир мавриди иҷро қарор дода мешавад.

 

Суратгузориш аз рафти баргузории хониши сиёсӣ: