ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Гарави тансиҳатии ҳар як инсон тозагии ӯст. Тозагии муҳит,  хонадону атроф, обу ҳаво маҳз ба худи инсон вобастагии калон дорад.  Мебояд дар масъалаи тозагӣ бисёр мулоҳизакор буд то муҳит солиму озода ва мардум саломату  тандуруст бошанд.

Ба ононе ки тозагии муҳити экологии атрофро  халалдор мекунанд, бояд мубориза бурд. Онҳоро ба тозаву озода нигоҳ доштани ҷову макон ва ҳар кӯчаву хиёбон  ва обу хоки муқаддаси Ватани азиз даъват намуд, то дар оянда барои пешрафти давлат саҳми босазои худро  хоҳанд гузошт.

Рӯзҳои охир аз ҳавои мусоиди бебориш истифода намуда аз тарафи сокинон ва коргарони корхонаҳо барои тоза кардани ифлосиҳо корҳои бунёдкориву ободонӣ  ташкил карда мешавад.

Дар ин  корҳои ободонӣ  сокинону коргарон тез-тез ба ҳашар баромада гирду атрофро аз ҳар гуна ифлосӣ ва партофҳои ҷамшуда тоза намуда дар ободу зебо гардондани як гӯшаи диёр саҳмгузорӣ менамоянд.