МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ СОЛОНА ДАР ТАШКИЛОТИ ҲИЗБӢ.

Ш.Шоҳин: Ҳисобот  

Тибқи нақша чорабиниҳо ва кору фаъолияти ҲХДТ дар ноҳия ва баргузории маҷлиси ҷамъбастӣ дар ташкилоти ҳизбӣ,ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мунтазам пайгирӣ намуда, шарҳу тавзеҳи онро дар байни сокинон ва кормандони касбу кори гуногун ба навбат ба роҳ монда истодааст.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия санаи 04-уми январи соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Кӯдакистон” дар маҷлиси ҷамъбасти солона иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ба маҷлис Сиддиқова Манзура – котиби ташкилоти ибтидоӣ ҳусни оғоз бахшида доир ба фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ дар зарфи соли 2023 ҳисобот пешниҳод намуданд. Баъдан  Неъматов А- корманди масъули ҳизбӣ ва  Сунатуллоева Мавзуна мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони ноҳиявии ҳизб ба сухан баромада, сараввал занону бонувонро ба фарорасии соли нави мелодӣ табрику шодбош намуд. Мавсуф  зимни суханронӣ сараввал аз нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, ки  марбут ба соҳа ва махсус ба занон нигаронидашуда буд ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки  мо занон сараввал, ки дар тарбия ва таълими фарзандон инчунин  дар тозагии хонаву муҳит, умуман талқини тозагиву покизакорӣ масъулияти бештарро ба дӯш дорем, бояд ин масъулиятро аз рӯзҳои офтобии ин фасли сармо истифода бурда ин масъулиятро бештару бештар намоем. Инчунин  мо занонро мебояд аз ғамхорӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат, ки нисбат ба занон дар паёмҳои ирогашта махсус қайд карда мешавад бо кору фаъолияти ҳарруза бо сифати баланду самараи дилхоҳ  ҷавоб гардонем.

 

 

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории маҷлис: