ДАСТГИРӢ АЗ КӮДАКОНИ МАЪЮБУ БАРҶОМОНДА ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ.

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ кӯмаку дастгирӣ ва зери таваҷҷуҳ қарор додани маъюубону барҷомондагон ба шумор рафта, пайваста ин қишри ҷомеа мавриди навозишу парастории давлату Ҳукумати мамлакат қарор дода мешавад.

Дар арафаи соли нави мелодӣ санаи 29-уми декабри соли равон  аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамоҳангиву ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва  саҳми соҳибкорони эҳсонкор дар ташкилоти ибтидоии “Тавоно” ба беш аз 30 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд дастархони идона ороста, дар як навбат онҳоро ба  соли нави мелодӣ табрик намуда, халтачаҳои идонаро тақдим намуданд. Инчунин ба як чанд наврасону кӯдакони маъюб бо усули хона ба хона вохурӣ доир намуда, туҳфаҳои солинавӣ ва халтачаҳои идонаро дастрас намуданд.

 Суратгузориш аз ҷараёни расонидани кӯмак: