Ташаббусҳои беназир барои ояндаи башарият

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи манбаъҳои об дар ҷахон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Обҳое, ки дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд, тоза буда, барои нӯшидан ва истифода дар соҳаи кишоварзӣ мувофиқанд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки мо дар саргаҳи об қарор дорему аз норасоии об танқисӣ намекашем. Вале мушоҳидаҳои метеорологӣ,  натоиҷи тадқиқот ва далелҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки тағйир ёфтани иқлим ҳоло  ба мушкилоти асосии ҷаҳон мубаддал гаштааст. Масалан, дар натиҷаи пажуҳиш олимон муайян намуданд,ки яхпораи аз ҳама азими Антарктида, ки ба 175 км2 баробар мебошад, бо суръати баланд об шуда истодааст. Агар раванди обшавии ин пирях чунин суръат дошта бошад, ба қавли мутахассисон, баъди  100 сол он пурра об шуда нест мегардад ва ин яке аз омилҳои асосии таҳриқдиҳандаи обшавӣ ва гармшавии глобалии иқлим мегардад. Инчунин, тибқи маълумоти олимони яхшинос, Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ давоми 40-50 соли оянда аз рӯйпӯши яхин пурра озод гардида, то соли 2060 аз се ҳисса ду ҳиссаи пиряхҳои Ҳимолой низ об мешаванд, ки ҳамаи ин ба экосистема таъсири манфии худро  мерасонанд.

Масъалаи ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи масъалаҳои марбут ба об ва тағйирёбии иқлим аз минбари созмонҳову ҳамоишҳои гуногун пайваста ба самъи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонда мешавад.  Аз ҷумла, масъалаи таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо  соли 2009 дар Ҳамоиши сеюми умумиҷаҳонӣ оид ба иқлим дар Женева  ва конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген пешниҳод гардида буд.         Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим дар ҷаҳон эътироф гардида, дар асоси иқдомҳои он Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи мушкилоти об ва ҳифзи пиряхҳо қатъномаҳои зиёд қабул намуд, ки нишони эҳтиром ва мавқеи баланд доштани он дар сатҳи байналмилалист. 

Ба касе пӯшида нест, ки захираи асосии обҳои тозаи ошомидании сайёра пиряхҳо мебошанд. Захираҳои оби Тоҷикистон низ, ки манбаи асосии обҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошанд, аз пиряхҳо ғизо мегиранд. Пиряхҳои Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз манбаъҳои асосии оби тоза мебошанд, ки қариб  шаст фоизи ҳаҷми умумии оби дарёҳои онро таъмин менамоянд. Вале боиси таассуф ва нигаронист, ки тағйирёбии иқлим ба обшавии  босуръати пиряхҳо мусоидат намуда, ба талафоти ҷиддии захираҳои бебаҳои об оварда мерасонад.  Мувофиқи маълумотҳо аз 14 ҳазор пиряхи хурду бузурги кишвар тӯли чанд даҳсолаи охир бар асари гармшавии иқлим зиёда аз ҳазор пирях аз байн рафтааст. Албатта, ин аз таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҳавост, ки  аз ҳисоби ихроҷи газҳои корхонаҳои азими саноатии дигар кишварҳо ба амал омадааст. Ҳол он ки ҷумҳурии мо кишвари саноатӣ не, балки кишоварзӣ буда, дар қатори шаш кишвари истеҳсолкунандаи неруи барқи безарар қарор дорад ва  диққати асосӣ ба сохтан ва истифода бурдан аз «энергияи сабз» равона карда шудааст.    

Имрӯз, ба қавли олимон,  қариб 60 фоизи экосистемаи табии ҷаҳонӣ, ки  ба захираҳои об алоқаманд аст, бар асари тағйирёбии иқлим хароб гардидааст, ки ин ба захираҳои оби истифодашаванда, махсусан, оби нӯшокӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамчунин, ба афзоиши офатҳои табиӣ мусоидат намуда,ба ин восита ба  хоҷагии халқ зарари ҷиддӣ мерасонад. Мувофиқи маълумоти созмонҳои минтакавию байналмилалӣ ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 3 миллиард аҳолӣ аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд ва бо афзоиши тадриҷии аҳолӣ пешгӯи мешавад, ки то соли 2030 қариб 40 фоизи аҳолии ҷаҳон бо мушкилоти норасоии об дучор мегарданд. Вобаста ба тағйирёбии иқлим, аллакай дар 10 мамлакати африқоӣ аз сабаби норасоии об, беҳдошт ва  бемориҳои вобаста ба он 190 миллион  кӯдакро хатари нигаронкунанда таҳдид менамояд. Обро сарчашмаи ҳаёт номидани гузаштагон ҳам бесабаб нест.  Агар одам аз 12 фоиз зиёд оби баданашро аз даст диҳад, хун ғализ мегардад ва бо гум шудани  15-20 фоиз оби бадан фаъолияти организм вайрон гардида, реаксияҳои биокимиёвӣ қатъ мегарданд ва организм аз фаъолият мемонад. Аз ин рӯ, ин ва дигар масоили вобаста ба об  боиси ташаббуси навбатии Сарвари давлати мо гардиданд.

Боиси сарфарозист, ки 14-уми декабри соли 2022  Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-уми худ қатъномаро дар бораи «Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо тарафдории 153 кишвари ҷаҳон қарор қабул кард. Дар ин қатънома рӯзи 21-уми март  ҳамчун «Рӯзи ҳифзи пиряхҳо»   эълон гардид, ки    шурӯъ  аз соли 2025 ҳамасола дар ҷаҳон таҷлил хоҳад гашт Ин панҷумин қадами устувори Тоҷикистон дар ҳалли масоили обу иқлим  дар паҳнои олам маҳсуб меёбад, ки бо қабул гардидани он обрӯю эътибори Тоҷикистони маҳбубамон дар арсаи ҷаҳонӣ хеле боло рафт. Воқеан, қабули чунин қатънома дар миқёси байналмилалӣ  иқдоми хеле муҳим ва дар навбати худ таърихӣ мебошад. Зеро  дар заминаи он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо менамояд,  ки барои ҳифзи бузургтарин неъмати сайёра – оби ошомиданӣ ба таври муштарак тадбирҳои зарурӣ ва судманд андешад.  Дар асоси ин қатънома , дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад, ки барои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, соли 2025 дар пойтахти кишвари азизамон- шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди СММ баргузор мегардад.

Бояд қайд намуд, ки тӯли бист соли охир масоили тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологӣ дар меҳвари ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлати мо қарор доранд. Аввалин пешниҳоди Президенти мамлакатамон дар Иҷлосияи 55- уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, соли 2003-юм Соли байналхалқии «Оби тоза» эълон гардид. Сипас, қатъномаҳо дар бораи солҳои 2005- 2015 Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об » ва баъдан Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028»  қабул гардиданд. Бо қаноатмандӣ пазируфта шудани пешниҳодҳои Сарвари давлат ин нишонаи баланд гардидани нуфузи кишвари соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Истиқболи гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз панҷ ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон, оид ба масоили обу иқлим, қабул гардидани 9 қатънома вобаста ба он, инчунин раёсат дар Конфронси оби СММ -2023, ки рӯзҳои 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид ва бузургтарин ҳамоиш дар 50 соли охири фаъолияти ин созмон ба ҳисоб меравад, далели сиёсати муваффақонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамовозии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Пешвои миллати мо мебошад.

Вақте ки Пешвои миллат аз минбари бонуфузи ҷаҳон- Созмони Милали Муттаҳид бо забони нобу шево ва фасеҳи тоҷикӣ оид ба ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ, махсусан, масъалаи обу иқлим суханронӣ намуда, таклиф намуданд, ки соли 2025 – «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон карда шавад ва ин пешниҳод аз ҷониби 153 кишвари олам дастгирӣ ёфт, барои мо- тоҷикон боиси сарфарозиву хушҳолии бепоён гардид. Зеро Пешвои миллат бо ибтикори ҷаҳонии хеш тавонистанд, ки миллату халқиятҳои гуногуни сайёраро барои ҳалли мушкилоти хеле ҷиддии сайёра- масоили обу иқлим муттаҳид намоянд, то дар ҳамбастагӣ бо саъю талоши муштарак ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор талош варзанд. Бояд қайд намуд, ки Пешвои миллати мо ба  диплломатияи об дар ҷаҳон асос гузошта, пешоҳанги ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва таъмини рушди устувори кишварҳои олам  мебошанд, ки ин мояи тафохуру сурур ва таҳрикбахши ҳар як тоҷикистонӣ мебошад. 

Ҳарчанд кишвари мо дорои захираҳои фаровони об ва пиряхҳои азим мебошаду сокинони он аз оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ намекашанд, вале  Пешвои миллатро вазъи нобасомони экологии ҷаҳон ба ташвиш овардаву водор намудааст, ки чунин ташаббусҳои созандаву наҷибро рӯйи кор оварад. Ин нигаронии худро дар мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ чунин иброз доштанд: «Вазъи захираҳои об дар сайёра, махсусан оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла, тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол муташанниҷ гардида истодааст».

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи  аҳли башарро ба масъалаҳои обу иқлим, идораи дурусти истифодабарии об, обшавии босуръати пиряхҳо ва офатҳои табиии ба он алоқаманд, ҳамкории минтақавӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти об, умуман, масъалаҳои вобаста ба обро  таъкид намудаанд, ки ин бесабаб нест. Зеро захираҳои об дар рушди иқтисоди кишварҳо нақши калидӣ дошта, барои пешрафти саноат, гидроэнергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо мусоидат менамоянд.

Мо, шаҳрвандони ин кишвари соҳибистиқлоли ободу зебо, ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ ва тарғиб намоему наврасону ҷавононро дар рӯҳияи  ватандӯстӣ, ҳифзи сарватҳои табиӣ тарбия намоем, то  ба насли оянда аз худ як Ватани сарсабзу хуррам ва пешрафтаро боқӣ  гузорем.

 

 Холмурод Ғиёспур,

омӯзгори МТМУ-и №6,

Аълочии маориф ва илми

Тоҷикистон.