ОБОДИИ МАРКАЗИ ШАҲРАК АЗ МО ВОБАСТАГИИ КАЛОН ДОРАД!

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Иштирок намудан дар  корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва саҳм гузоштан дар ободу зебо гардонидани як гушаи диёр яке аз самтҳои фаъолияти ҳизбӣ ба шумор рафта, масъулияти баланди ватандориро тақозо менамояд.

Ёдовар мегардем,ки  саҳми  аъзоёну кормандони  ташкилоти ибтидоии “Коммуналӣ” дар тозаву озода нигоҳ доштан  ва поккорӣ намудани кучаву роҳравҳои маркази шаҳрак бениҳоят калон аст. Аъзоёну кормандони ташкилоти мазкур шурӯъ аз субҳи содиқ то бевақтии шаб дар кучаҳои шаҳрак ба корҳои ободониву хуррамгардонӣ  машғул мегарданд, ки шоистаи аҳсану офаринҳост.

Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз саҳмгузории аъзову кормандони ташкилоти ибтидоии “Коммуналӣ” дар корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҳудуди ноҳия изҳори миннатдорӣ намуда, ҷиҳати иштироки фаъолонаи онҳоро дар ҳашарҳои умуминоҳиявӣ ибрози таҳсин менамояд.

     Суратгузориш аз ҷараёни баргузории корҳои ободонӣ: