БО ДАСТИ ХЕШ ЯК ГӮШАИ ДИЁРРО ОБОД МЕСОЗЕМ!

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр ва саҳмгузории  бевосита дар раванди бунёдкориву созандагӣ  аъзои фаъоли ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳия бесобиқа арзёбӣ мегардад.

Дар натиҷаи иштироки фаъолонаи аъзои фаъоли ҳизб дар корҳои ободониву бунёдкорӣ рӯз аз рӯз симои зоҳирии маркази шаҳрак зебову дилрабо гардида истодааст.

Дар ҳамоҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ба ҳашари умумӣ баромада, дар қад-қади шоҳроҳи байналмилалӣ, ки маркази ноҳияро убур менамояд, бобати хуррамгардонӣ корҳои ободониро ба роҳ монданд.

 

Суратгузориш аз ҷараёни корҳои ободонӣ: