Тозагии маҳал мароми мост!

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ростои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коммуналӣ” ба масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаҳои маркази ноҳия ва обпартоҳо эътибори зарурӣ дода шуда, дар доираи дастгирии ташаббусҳои ҳизбӣ дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар давоми ҳафтаи мазкур аз ҳисоби аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта ва обпартоҳҳо дар маркази ноҳия ба андозаи 250 метр поккорӣ  гардида, дар оянда низ  ба ин масъала эътибори лозимӣ дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ташкилоти ибтидоии номбурда бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ҳамкории доимӣ дошта, бобати дастгирӣ ва амалисозии ташаббусҳои ҳизбӣ ҳамеша тадбирҳои лозимиро мавриди иҷро қарор медиҳад.