МО ВОРИСОНИ ИБНИ СИНОЕМ

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Саломатӣ барои инсон давлати бузург ва аз зару зевар қиматтар аст ва ана ҳамин сиҳатиро маҳз табибон ва кулли кормандони соҳаи тандурустӣ ҳифз менамоянд.

Дар доираи сазовор истиқбол намудан аз Рӯзи касбии табибон дар Қасри фарҳанги ноҳия дар ҳамоҳангиву ҳамкории маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим  бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аксия таҳти унвони “Саломатии Шумо- дар дасти шумост!” баргузор гардид.

Масъулин дар байни иштирокчиён ва сокинони ноҳия варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуда, онҳоро бо сабабҳои пайдоиш, аломатҳо ва тарзу усулҳои муолиҷаи бемории “Диабети қанд” ошно намуданд. Инчунин дар як навбат дар ҷараёни баргузории аксия табибон  бо таҷҳизоти муосир фоизи қанди  беш аз 30 нафар сокинонро ройгон муайян намуданд.

Баъдан масъулин дар назди иштирокчиён доир ба бемории Диабети қанд ва роҳҳои муолиҷаи он суханронӣ намуда, кормандони соҳаи тандурустиро ба иди касбиашон табрику шодбош намуданд.