АКСИЯ БАХШИДА БА “Рӯзи МОДАР” зери унвони “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад”

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоӣ ва тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин санаи 6-уми марти соли равон дар маркази шаҳрак бо ҷалби аъзои намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон  “Созандагони Ватан”  ва волонтёрони ҳизбӣ аксия бахшида ба “Рӯзи Модар” зери унвони “Зиндагӣ аз Модар сарчашма мегирад” баргузор карда шуд.

Масъулини ҳизбӣ ба  кӯчаҳои шаҳрак баромада  модарон,  фаъолзанон ва бонувони  ноҳияро ба ин рӯз табрику шодбош гуфта дар байни онҳо   буклет ва гӯлҳои баҳорӣ тақдим намуда хотири онҳоро шод намуданд.

 

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории аксияи ҳизбӣ: