АМАЛИЁТИ УМУМИВИЛОЯТӢ ЗЕРИ УНВОНИ «РӮЗИ ЁДОВАРӢ»

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25.09.2022 сол дар асоси нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони  «Рӯзи ёдоварӣ» аз ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳия, барои ташкил намудани ҳашари дастаҷамъона оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо дар ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов деҳаи Лолазор, аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Лолазор 1-2-3-4 корҳои ободонӣ, аз он ҷумла: сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худруй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон дар сатҳи баланд  баргузор  гашт.