МУСОБИҚАИ “ФУТБОЛИ ХУРД” БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ НОҲИЯИ ШАҲРИТУС”

Шаҳритуc:  

Санаи 25.04.2024 сол бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби сокинон ба хусус ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқи бозии футбол, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни ҷавонон ва наврасони ноҳия футболи хурд барои дарёфти “ҶОМИ РАИСИ НОҲИЯИ ШАҲРИТУС” дар деҳаи Чоршанбеи ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов бо иштироки раиси ноҳияи Шаҳритус Абдуллозода Т. М байни 16 даста баргузор гардида, ғолибон бо Ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус сарфароз гардонида шуданд.