ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 20.02.2024  бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар якҷоягӣ бо масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус  байни  намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан»,  волонтёрҳо, омӯзгорони ҷавон  ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №4, №8 ва Литсейи хонандагони болаёқати  ноҳия бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мусобиқаи варзишии шашка ва шоҳмот баргузор гардид.

          Дар  натиҷаи  ҷамъбасти мусобиқаи варзишии шашка ва шоҳмот аз ҷониби масъулони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шаҳритус  ба намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан»,  волонтёрҳо, омӯзгорони ҷавон  ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №4, №8 ва Литсейи хонандагони болаёқати ноҳия,  барои ишѓоли ҷойҳои  якум, дуюм, сеюм   ва чорум бо  туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.