ШАНБЕГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ”

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 17 феврали соли 2024 бо ташаббуси имомхатиби масҷиди панҷвақтаи деҳаи Обшорон (Маҳмудов Саидхон) бо ҷалби аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии «Обшорон», ҷонибдорони ҲХДТ ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, шанбегӣ доир карда шуд. Ҳашарчиён ба тоза кардани гирду атрофи деҳа, ҷуйборҳои обгузар ва шинонидани қубурҳои обгузар машғул гардида, барои созандагӣ ва ободонӣ ба истиқболи  ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳду талош намуданд.