БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ ДАСТҶАМЪОНА

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 3 феврали соли 2024 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии «Ҷамият-деҳқон» Рақибов К., бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии мазкур ва сокинон, шанбегии дастҷамъона таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост” ташкил карда шуда, дар рафти он ниҳолҳои сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуданд.