БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ВОЛЕЙБОЛ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» “Баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни варзишӣ”, санаи 29.01.2024 бо ташаббуси масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 дар толори варзишии муассиса мусобиқаи варзишии волейбол байни варзишгарони ТҶҶ «Созандагони Ватан», волонтиёрҳо ва хонандагони синфҳои болоии муассиса баргузор гардид. Дар натиҷаи ҷамбасти мусобиқаи варзишии волейбол аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус ба варзишгарони ТҶҶ «Созандагони Ватан», волонтиёрҳо ва хонандагони синфҳои болоии муассиса, барои ишѓоли ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо тӯҳфаҳои хотирмони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус қадрдонӣ карда шуданд.