ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ГАРОИШ БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТУНДРАВ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия санаи 26.01.2024 масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳия, бо хонандагони синфҳои болоии муассиса хониши сиёсӣ ва суҳбат доир намуданд.  Дар вохӯрӣ ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои родикаливу экстремистӣ, тарғибу ташвиқи хизмат ва тарбияи ҳарбӣ ватандустии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нафар сухан ронда шуд.