ҶАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Дар ноҳияи Шаҳритус, санаи 22.01.2024 дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7, мулоқоту вохӯрӣ бо мақсади тақвият бахшидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ аз қабилӣ шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, экстремистӣ ва террористӣ ва дигар зӯҳуроти номатлуб» доир гардид. Дар баргузории мулоқоту вохӯрӣ масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, оиди дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгири ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои родикаливу экстремистӣ, инчунин оиди сомона ва саҳифаҳои иҷтимоие, ки бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун таблиғгари ғояҳои экстремистӣ-террористӣ фаъоляташон манъ карда шудааст,зуҳроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб ва тарбия намудан дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан, тарғибу ташвиқи хизмат ва тарбияи ҳарбӣ ватандустии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баромад намуд.