БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 12.01.2024 сол масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳия, бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассиса хониши сиёсӣ баргузор карда шуд. Дар он ҷиҳати  татбиқ намудани нишондиҳандаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, зуҳроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб, тарбия намудан дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан сухан ронда шуд. Баромадкунандагон инчунин, оид ба иҷрои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъкид намуданд.