БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ БО ХОНАНДАГОН

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 29.12.2023 масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия, бо иштироки намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассиса хониши сиёсӣ ва суҳбат баргузор намуданд. Дар вохӯрӣ вобаста ба нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, тарбия намудан дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан, татбиқи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ҳарф зада шуд.