ХОНИШИ СИЁСӢ БО НАВРАСОНУ ҶАВОНОН

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 19.12.2023 масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳия, бо иштироки намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассиса, хониши сиёсӣ ва суҳбат гузарониданд.  Зимни суханронӣ доир ба масъалаҳои зуҳроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб, тарғибу ташвиқи хизмат ва тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.