ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ГАРОИШ БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи Маорифи ноҳия, санаи 4.12.2023 дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, намояндагони ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 мулоқоту вохӯрӣ бо мақсади тақвият бахшидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ аз қабилӣ шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, экстремистӣ ва террористӣ ва дигар зӯҳуроти номатлуб» доир гардид.

Дар вохӯрӣ масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгири ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои родикаливу экстремистӣ, инчунин оиди сомона ва саҳифаҳои иҷтимоие, ки бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун таблиғгари ғояҳои экстремистӣ-террористӣ фаъоляташон манъ карда шудааст, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб ва тарбия намудан дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан, тарғибу ташвиқи хизмат ва тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баромад намуд.