ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ МУҚАДДАС

Шаҳритуc: Андеша  

Ҳимояи ҳифзи Ватан — яке аз вазифаҳои асосӣ ва муқаддаси конститутсионии ҳар як шаҳрванд мебошад, ки тибқи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрвандро оид ба ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии онро муқаррар кардааст. Ҳар як давлат барои ҳимояи истиқлоли худ чораҳои ҷиддиро раво мебинад. Дар андешидани ин чораҳо шаҳрванд ҷузъи кулл ва субъекти фаъол буда, ҳам ба воситаи намояндагӣ ва ҳам бевосита дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи Ватан ва пурзӯр кардани иқтидори мудофиавии он иштирок менамояд.

Таъмини ин вазифа асосан ба дӯши Қувваҳои Мусаллаҳи ҳар як давлат гузошта мешавад. Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар бартараф кардани таҷовузи мусаллаҳонаи хориҷӣ, ҳимояи мусаллаҳонаи сарҳад, ташкил ва танзими мудофиаи қаламрав, иштироки он дар зада гардондани таҷовузи мусаллаҳонаи дигар давлат ё мувофиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ иҷро кардани вазифаҳои пойдор кардани сулҳу осоиш хеле калон мебошад.

Ҳимояи Ватан - тибқи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Ҳолати конститутсионии ҳимояи Ватан гуногун буда, вай ба тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз вазъи саломатӣ ва муносиб будан ба хидмати ҳарбӣ равона мегардад. Шакли асосии ҳимояи Ватан иҷрои хидмати ҳарбӣ мебошад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хидмати ҳарбиро мувофиқи қонун амалӣ месозанд.

Боиси хушнудист, ки дар даврони Истиқлолият дар сафи Артиши миллӣ фарзандони босаводу соҳибмаърифат ва меҳанпараст хеле зиёд шуда истодаанд. Ҷавонмарде, ки барои иҷро намудани ӯҳдадории ҳарбӣ даъват мегардад, бояд эҳсос кунад, ки ӯ Ватани ҷоноҷони худ, падару модари азизаш, бародару хоҳари мӯнису мушфиқаш ва оилаашро ҳифз мекунад.

Аз ин лиҳоз, барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз содиқона хидмат намуда, сарҳади хешро аз бадхоҳону нотавонбинон бояд ҳифз намоем. Зеро ҳифзи сарҳад вазифаи ҷонии ҳар як ҷавонмард аст. Пас биёед ҷавонони азиз, барои ҳимояи марзу буми хеш омода бошем.

Собирова Д., аъзои фаъоли ҲХДТ.