БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ БО ХОНАНДАГОН

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 8.12.2023 масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия, бо иштироки омузгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассиса, хониши сиёсӣ ва суҳбат, ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди 29–солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгири ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои родикаливу экстремистӣ, зуҳроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб ва тарбия намудан дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан, инчунин оиди сомона ва саҳифаҳои иҷтимоие, ки бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун таблиғгари ғояҳои экстремистӣ-террористӣ фаъоляташон манъ карда шудааст, тарғибу ташвиқи хизмат ва тарбияи ҳарбӣ ватандустии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.