ПЕШГИРИИ НАВРАСОН АЗ ДАСТЗАНӢ БА АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи мазкур бо мақсади тақвият бахшидани корҳои талиғотиву ташвиқотӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, экстремистӣ ва террористӣ ва дигар зӯҳуроти номатлуб вохӯрӣ доир гардид. Дар  вохӯрӣ масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус оиди дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои родикаливу экстремистӣ, зуҳроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб ва тарбия намудан дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан, тарғибу ташвиқи хизмат ва тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баромад намуд. Ҳамзамон, аз ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ба омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33, варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда дода шуд.