ТАШРИФИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ БА НОҲИЯИ ШАҲРИТУС

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ Созандагони Ватан дар вилояти Хатлон санаи 6.12.2023 барои ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ", "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ" ва "ТОҶИКОН" - ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ" хатсайри саёҳӣ ташкил гардид. Иштирокчиёни озмунро роҳбари намояндагии ТҶҶ Созандагони Ватан дар вилояти Хатлон Раҳимзода Меҳроҷ роҳбаладӣ намуд. Тибқи хатсайри мазкур иштирокчиён аз боғи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Шаҳритус низ дидан намуданд.