ВОХӮРИВУ МУЛОҚОТ БО ВОЛОНТЁРОНИ ҲХДТ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 5.12.2023 дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” Литсейи хонандагони болаёқати ноҳия, бо ташаббус ва иштироки масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, мулоқоту вохӯрӣ бахшида ба “Рӯзи волонтиёрон” (5-декабр) бо иштироки директор, омӯзгорон, хонандагон ва волонтёрони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус доир гардид. Дар баргузории мулоқоту вохӯрӣ масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, оиди дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон баромад намуда, ҳамзамон бо рӯзи касбиашон, яъне бо “Рӯзи волонтёрон” табрику муборакбод намуданд. Бояд қайд кард, ки волонтёрони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус барои ширкати фаъолона дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, тақвияти ҳисси худогоҳиву хештан шиносӣ, густариши маърифату фарҳанг ва ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 29–солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипосномаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус қадрдонӣ карда шуданд.