БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ЛКТ»

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 16 ноябри соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ЛКТ» муассисаи давлатии литсейи касби техникии ноњия бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, директор, омузгорон ва донишҷўёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ЛКТ» муассисаи давлатии литсейи касби техникии ноҳия, ҷавонон ва дигар шахсиятҳои расми чорабинии тантанавӣ, бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар баргузории чорабинии тантанави масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ва директори ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ЛКТ», баромад намуда қайд намуданд, ки бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадманд, ки давлатро аз фаноёби наҷот дод ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд аз ҳамин хотир дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Инчунин дар охир чорабинии фарњангӣ (базми консерти) бо ҳунарнамоии донишҷӯёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ЛКТ» муассисаи давлатии литсейи касби техникии ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид.