ВОХӮРИВУ МУЛОҚОТ ВОБАСТА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 16 ноябри соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сохтори госпиталӣ» бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, раис ва кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сохтори госпиталӣ», ҷавонон ва дигар шахсиятҳои расми вохӯриву мулоқот, вобаста ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар баргузории вохӯриву мулоқот масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, оиди Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 – ноябр рӯзи савганд ёдкунии нахустини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз ин хотир ин сана ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоб гардид. Ин рӯзи таърихӣ чун таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад. Инчунин дар арафаи ҷашни 31 - солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои давлатдории навини тоҷикон, ки воқеан орзуи беш аз ҳазорсолаи ниёгони сарфарози мо баъди пош хӯрдани давлати бузурги Сомониён буд, бо роҳбарии бевоситаи сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 30 соли охир корҳои зиёде анҷом дода шуда баромад намуд.