ИДОМАИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ БАЙ ҶАВОНДУХТАРОН ВА БОНУВОН!

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 14.11.2023 сол, бо ташаббуси масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус мусобиқаи варзиши дар намуди волейбол дар майдончаи варзишии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Машъали Шаҳритус», байни дастаҳои ҷавондухтарони муассиси давлатии «Литсейи касбии техникӣ»-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ЛКТ» ва ҷавондухтарон- хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» баргузор гардид.           

 Бояд қайд кард, ки дар мусобиқаи варзиши дар намуди волейбол ҷавондухтарони муассиси давлатии «Литсейи касбии техникӣ»-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ЛКТ» ғолиб дониста шуд.