БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁН

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

ШАҲРИТУС: «Бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон», санаи 11.11.2023 сол, бо ташаббуси масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус мусобиқаи варзиши дар намуди волейбол дар майдончаи варзишии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Машъали Шаҳритус», байни дастаҳои ҷавондухтарон-донишҷўёни курси дуюми ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Машъали Шаҳритус» ва ҷавондухтарони муассиси давлатии «Литсейи касбии техники»-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ЛКТ» баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки дар мусобиқаи варзиши дар намуди волейбол ҷавондухтарон-донишҷўёни курси дуюми ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Машъали Шаҳритус» ғолиб дониста шуд.