МУЛОҚОТУ ВОХӮРӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 2 ноябри соли 2023 дар толори ташкилоти ибтидоии муассисаи давлатии “Литсейи касби техники”-и ноҳияи Шаҳритус бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Литсейи касби техникӣ”, омузгорон, донишҷӯён, намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан», мулоқоту вохӯрӣ бахшида ба «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар баргузории мулоқоту вохӯрӣ масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Литсейи касби техникӣ”, баромад намуда қайд намуд, ки “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо, оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, муайян намуда, кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид.