ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ГАРОИШ БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 16.10.2023 дар ташкилоти ибтидоии “Машъали Шаҳритус” бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, директори Маркази ҷавонони ноҳия, омузгор ва донишҷӯёни ташкилоти ибтидоии “Машъали Шаҳритус”, мулоқоту вохӯрӣ бо мақсади тақвият бахшидани корҳои талиғотиву ташвиқотӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ аз қабилӣ шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, экстремистӣ ва террористӣ ва дигар зӯҳуроти номатлуб» доир гардид. Дар баргузории мулоқоту вохӯрӣ масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ва директори Маркази ҷавонони ноҳия, оиди дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгири ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои родикаливу экстремистӣ, зуҳроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб ва тарбия намудан дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан, тарғибу ташвиқи хизмат ва тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баромад намуд. Ҳамзамон, аз ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ба омузгор ва донишҷӯёни ташкилоти ибтидоии “Машъали Шаҳритус”, варақаҳои таблиғотӣ оиди сомона ва саҳифаҳои иҷтимоие, ки бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун таблиғгари ғояҳои экстремистӣ-террористӣ фаъоляташон манъ карда шудааст, тақсим карда дода шуд.