МУАЛЛИМ – САРВАРУ САРКОРИ ИНСОН

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

          Санаи 3 октябри соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар саҳни ҳавлии мактаб-интернати ноҳияи Шаҳритус бо иштироки муовини раиси ноҳия, масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, мудири шуъбаи маориф, як қатор директорони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан», ҷавонон, фаъолон, намояндагони васоити омма ва дигар шахсиятҳои расмӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба «Рўзи омӯзгор” дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар баргузории чорабинии тантанавӣ муовини раиси ноҳия, масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия суханрони намуда, қайд намуданд, ки муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон мидиҳад ва хешро хушбахт меҳисобат.

             Инчунин омузгорон ва ҷавонон, низ бахшида ба «Рўзи омӯзгор» баромад карданд. Дар рафти чорабинии тантанавӣ ба як қатор омузгорони муассисаҳои таълимӣ, барои фаъолияти пурсамар ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва рўҳияи баланди ватандўстӣ бо Ифтихорномаи ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус қадрдонӣ карда шуданд. Дар охири чорабинӣ базми шеърхониву сурудхони бо ҳунарнамоии хонандагони синфҳои болоии муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, №4 ва №8-и ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид.