БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ЛИТСЕЙИ КАСБИ ТЕХНИКИИ НОҲИЯ

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

          Санаи 8.09.2023 сол дар саҳни ҳавлии Муассисаи давлатии Литсейи касби техники ноҳия, бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 32–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки муовини раиси ноҳия Нарзулоиён Мақсуда, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, директор, омузгорон, хонандагони муассисаи давлатии Литсейи касби техникии ноҳия ва дигар шахсиятҳои расмӣ, чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намоиш додани ҳунарҳои мардумӣ ва варзишӣ дар сатҳи баланд баргузор гашт. Бояд қайд намуд, ки дар баргузории чорабинии тантанавӣ директори муассисаи давлатии Литсейи касби техникии ноҳия, муовини раиси ноҳия, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва омузгорони муассисаи давлатии Литсейи касби техникии ноҳияи Шаҳритус, баромад намуда қайд намуданд, ки Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Инчунин Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, маҳзари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байнамиллалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Инчунин як қатор омузгорон, фаъолон ва ҷавонони ташкилоти ибтидоии «МД Литсейи касби техники»-и ноҳияи Шаҳритус, барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ, бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ихтихорнома ва Сипосномаи раиси ноҳияи Шаҳритус вадиректори муассисаи давлатии Литсейи касби техникии ноҳия, қадрдони карда шуданд.