МАКТАБ МАКОНИ МУҚАДДАС

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

               Санаи 1.09.2023 сол дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” (Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21)–и ноҳияи Шаҳритус бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Шарофзода Ҳ., сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21, омузгорон, хонандагон ва падару модарон таҷлили “ Рӯзи дониш” дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Шарофзода Ҳ., суханрони намуда қайд намуд, ки мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест касе, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Нест бузургдиле, ки сабақи устоде надида, ба ҷое расида бошад. Инчунин раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус Шарофзода Ҳ., оиди дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандўстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон ва тарбия намудан дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан вататбиқи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баромад намуд.