ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РЎЗИ ВАРЗИШГАРОНИ - ТОҶИКИСТОН

Шаҳритуc: Созандагони ватан  

Санаи 10 августи соли 2023 дар боғи фарҳанги-фароғатии ба номи “ТУС”- и ноҳияи Шаҳритус бо иштироки муовини раиси ноҳияи Шаҳритус Мирзобадалзода К., масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, аъзоёни фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан", директор ва омузгорони мактаби варзишӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон, фаъолон, намояндагони васоити омма ва дигар шахсиятҳои расмӣ чорабинии сиёсиву фарҳангӣ бахшида ба «Рўзи варзишгарони - Тоҷикистон» дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.

Дар рафти чорабини муовини раиси ноҳияи Шаҳритус Мирзобадалзода К., баромад намуда қайд намуданд, ки варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат интихоб гардида, албатта, нақш ва ҷойгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки ҳамчун ифодакунандаи сиёсати мантиқии давлату ҳукумат ба таҳкими ҳаёти иҷтимоии ҷомеа, ки асоси онро солимии миллат, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дустӣ ва тарғиби идеяи миллати солим ташкил медиҳад, асос меёбад. Бо дастгириҳои Пешвои миллат Тоҷикистони ҷавонони мо дар самти варзиш миёни давлатҳои ҷаҳон ҳамчун кишвари варзишдуст муаррифӣ гардида, варзишгарони тоҷик қадам ба қадам ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд, ки ин ҳама аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи гамхориҳои Пешвои миллат дар самти варзиши ҷумҳурӣ дарак медиҳад.

Инчунин, ба як қатор варзишгарони наврасу ҷавони ноҳия, барои фаъолияти пурсамар ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва рўҳияи баланди ватандўстӣ бо ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳритус қадрдони карда шуданд. Дар охир чорабинии фарҳангӣ (базми консерти) бо ҳунарнамоии ҳунармандони ҷавони шуъбаи фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид.