ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баҳористон” санаи 15.07.2023 сол бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Баҳористон” Лоиқов Фаррух ва иқдоми пешгирифтаи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритус Қандилзода Абдусамад ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии “Баҳористон” барои созандагӣ ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони деҳаи Баҳористон боз як Трансформатори нави таҷҳизонидашуда ба истифода дода шуд. Боиси қайд аст, ки баъд аз насби трансформатори нав қисми зиёди сокинони деҳаи мазкур бо қувваи барқи баландсуръат таъмин гаштанд.