ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони Тоҷикистон бо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат мегузаранд. Мусаллам аст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан барои ҳар як ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо, ки вазъи сиёсии минтақаву ҷаҳон бисёр мураккаб аст ва инро аксари ҷавонони тоҷик амиқ дарк намуда ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ баҳри иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ҳозир мешаванд. Таҳким бахшидан ва неруманд сохтани Артиши миллӣ аз тарбияи хуби ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ вобастагӣ дорад. Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагӣ ба шумор рафта, онҳо маҳз дар ин ҷо далеру шуҷоъ тарбия меёбанд ва ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд.

Дар самти ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола тадбирҳои нав роҳандозӣ ва татбиқ мешаванд. Бояд ҳар як ҷавонмардони тоҷик амиқ дарк намоем, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ да сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо натанҳо сарҳадро ҳимоя мекунанд, балки инчунин арзишҳои миллӣ, сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва аҳлу оилаашонро низ ҳифз менамоем. Мехоҳам як нуқтаро қайд кунам, ки дар даъвати баҳории соли равон аз деҳаи мо (Асомиддин Муродови ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров), аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар хамкорӣ бо муаллифи ин сатрҳо ва имомхатиби масҷиди панҷвақтаи деҳа Аҳад Неъмонов ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шарофзода Ҳомидҷон дар самти даъвату сафарбарии ҷавонон ба хизмати сарбозӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудем. Тавассути “Роҳнамо барои ҷалби сарбозони ихтиёрӣ”, ки бо дастуру супориши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамчун механизми халқии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пешниҳод гардидааст, корҳои дурусти фаҳмондадиҳӣ байни сокинони деҳа ба роҳ монда шуда, дар натиҷа ба хизмати ҳарбӣ 6 нафар ҷавонон, ки 5 нафари онҳо ихтиёрӣ аз шаҳрҳои Екатеринбург, Қазон ва Москваи Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, бо як руҳияи баланди ватандўстӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида буданд, ки алҳол онҳо дар қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат карда истодаанд.

Ҳамзамон дар натиҷаи баргузории вохӯриву мулоқотҳо байни сокинони деҳа ва ба роҳ мондани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия 3 нафар ҷавонони синни даъват (Ғафуров Абдувалӣ Садриддинович, Нишонов Баҳром Солеҳович, Ибрагимов Сайқосим Мирзомаҳмудович), ихтиёрӣ барои таҳсил ба курси ронандагие, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус ва комиссарияти ҳарбии ноҳия, ки барои ҷалби ҷавононе, ки барои адои хизмати ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд ва ройгон ба роҳ монда шудааст, ҳуҷҷатҳои худро супорида ва барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2023 омодагӣ дида истодаанд. Дар анҷоми матлаби хеш аз ҷавонон даъват ба амал меоварем, ки баҳри ҳифзи марзу буми Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати софдилонаву содиқонаро ба ҷо оранд, барои ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат банданд ва Ватани аҷдодии худро бо тамоми ҳастияшон ҳимоя намоянд.

Абдуқаҳор Саторов, раиси деҳаи А.Муродови ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров