РАФТИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Шаҳритуc: Ҳисобот  

Санаи 4.07.2023 сол соати 9:00 дар ташкилоти ибтидоии «Маркази тропикӣ» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, директор ва мудирону мутахассисони шуъбаҳои ташкилоти ибтидоии «Маркази тропикӣ» доир гардид.

Ҳамчунин санаи 4.07.2023 сол соати 11:00 дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи сил» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, сардухтур ва мудирону мутахассисони шуъбаҳои ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи сил» доир гардид.  

Бояд қайд намуд, ки маҷлиси ҳисоботи-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии «Маркази тропикӣ» ва «Беморхонаи сил» бо масъалаҳои зерин:

    1.Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда;

    2. Ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумтаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;     

   3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;     

   4. Қабул ба сафи аъзои ҲХДТ.

Дар баргузории маҷлиси ҳисоботи-интихоботӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии «Маркази тропикӣ» ва «Беморхонаи сил», оиди корҳои ба анҷом расонида аз қабили, пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемориҳои сирояти, аёдати нафарони бемору барҷомонда, расонидани кӯмаки молиявӣ, ба маъюбону бепарасторон, ятимони кулл ва оилаҳои камбизоат ва ройгон табобат намудани маъюбон ва оилаҳои камбизоат, инчунин дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳанги баргузор намудани 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастовардҳои шоистаи он дар замони Истиқлолият ва қабул ба сафи аъзои ҲХДТ суханронӣ намуда маълумот доданд.